Ссылки доступа

Даъват ба ҳалли масоили марзии Қирғизистону Ӯзбекистон дар сатҳи ҳукуматҳо


Абдураҳмон Маматалиев, муовини пешини сарвазири Қирғизистон даъват кардааст, ки масъалаҳои марзии кишвараш бо Ӯзбекистон дар сатҳи ҳукуматҳои дуҷониб баррасӣ шаванд.

Ба гуфтаи вай, вогузор кардани ин масоил ба гуруҳҳои корӣ натиҷа нахоҳад дод, чун онҳо салоҳияти қабули қарорҳои мушаххасро надоранд.

"Вохӯриҳо бояд дар сатҳи ҳукуматҳо баргузор мешуд. Гуруҳҳои корӣ минтақаҳоеро, ки дар мулоқоти ахир муайян шуданд, баррасӣ мекунанд. Ҳар ду ҷониб муовини сарвазири худ оид ба аломатгузории хатти марзро доранд ва онҳо бояд дар ин ҷаласаҳо ширкат кунанд", - гуфтааст Маматалиев.

Ёдрас мешавем, ки сар аз моҳи сентябри соли равон ҳамкориҳо миёни Қирғизистону Ӯзбекистон ҷоннок шуда, гуруҳҳои кории ду ҷониб оид ба масоили марзӣ аллакай то ҳол се вохурӣ анҷом додаанд.

Қирғизистону Ӯзбекистон ҷамъан 1378 километр марзи мушатарак доранд, ки 320 метраш ҳанӯз муайян нашудааст ва ин номуайянӣ баъзан ба низоъҳо дар минтақаҳои сарҳадии ду кишвар сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG