Ссылки доступа

Чеҳраи Кейки-ботурро антропологҳои Маҷористон барқарор мекунанд


Барқарорсозии чеҳраи Нурмагамбет Кокембайулӣ, яке аз раҳбарони ҳаракати миллию озодибахши Қазоқистон дар соли 1916 бо лақаби Кейки-ботур дар натиҷаи сохтани шакли косахонаи сар, ки аз Русия ба Остона ибтидои моҳи равон оварда шудааст, ба даст хоҳад омад.

Тавре инсоншиноси маҷористонӣ Андраш Биро мегӯяд, бозсозӣ имкон медиҳад, ки шаклу шамоили Кейки-ботур то 99% дақиқ барқарор карда шавад.

"Чеҳраи Кейки-ботурро донишманд ва таъмиргар Ангеш Куштор барқарор хоҳад кард. Мо талош дорем, ки ба воситаи томограф чеҳраи сегунаи моделро бисозем. Чеҳраи ҳосилшуда бо чеҳраи ботур дар ҳангоми зинда буданаш монанд мешавад. Ҳамчунин ташхиси ДНК мегузаронем, чун мумкин аст авлодони ӯ зинда бошанд", - мегӯяд Андраш Биро.

Дар Осорхонаи улуми табии Будапешт барои барқарор сохтани андоми Кейки-ботур усулеро пешниҳод мекунанд. Андраш Биро гуфтааст, натиҷаи кори гуруҳи донишмандони Маҷористон дери дер то моҳи декабр эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG