Ссылки доступа

Дар Қирғизистон нусхаи аслии Конститутсияро меҷӯянд


Вакилони порлумони Қирғизистон нусхаи аслии Қонуни асосии кишварашонро меҷӯянд. Имрӯз зимни баррасии лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирҳо ба Конститутсияи он кишвар, вакилон нусхаи аслии Қонуни асосиашонро наёфтанд.

Вазири адлияи Қирғизистон гуфтааст, дар вазорати онҳо танҳо нусхаи ба асл баробаршудаи Қонуни асосӣ маҳфуз аст. Ба гуфтаи вазир, нусхаи аслӣ, ба эҳтимоли зиёд, бояд дар ихтиёри дастгоҳи президент бошад.

Намояндаи президент дар порлумони Қирғизистон гуфтааст, нусхаи аслии Конститусия дар дастгоҳ низ нест.

Наталя Никитенко, як вакили қирғиз аз ҳамкасбонаш пурсидааст, ки пас ҳамаи ин солҳо Қирғизистон тибқи кадом Конститутсия амал кардааст.

"Ин хеле вазъи ҷиддист, ки намедонем, нусхаи аслии Қонуни асосӣ дар куҷост", - афзудааст Никитенко.

Аида Салянова, вакили дигари порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои пайдо кардани Конститутсия як комиссия таъсис шавад. Ба гуфтаи вай, то пайдо шудани нусхаи аслӣ ворид кардани иловаҳо ба Қонуни асосӣ имкон надорад.

XS
SM
MD
LG