Ссылки доступа

Дар суқути чархболи ҷангии Ӯзбекистон 9 нафар ҷон додаанд


Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, чархболи ҳарбии МИ-171 18 октябри соли равон дар водии Фарғонаи ҳаммарз бо Қирғизистон суқут кардааст.

Вазорати мудофеаи Ӯзбекистон ин ҳодисаро, ки ҷони се узви экипаж ва 6 низомиро рабуд, "фалокат" хондааст. Ҳоло барои таҳқиқи сабабҳои сарнагун шудани чархбол комиссияи махсус ташкил гардидааст.

Раҳбарияти Ӯзбекистон ба наздикону пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён карда, дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст, ки чархбол ҳангоми парвози нақшавӣ суқут кардааст.

Аз соли 2009 инҷониб 7 ҳолати суқути чархболҳои МИ-171-и истеҳсоли Русия ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи сарнагун шудани онҳо ҷамъан 41 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG