Ссылки доступа

Мирзиёев номзади интихоботи президентии Ӯзбекистон шуд


Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ҲЛДӮ) дар анҷумани рӯзи чаҳоршанбеаш номзадии иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои иштирок дар интихоботи президентӣ тасдиқ кард.

"Дар анҷуман номзадии Шавкат Мирзиёев якдилона ҷонибдорӣ шуд", - мегӯяд яке аз ширкаткунандагони анҷуман.

Бино бар талаботи қонун, барои сабти ном кардани номзад ҳизбҳо бояд имзои наздик ба 214 ҳазор ё 1 дарсади аҳолии Ӯзбекистонро ҷамъ оранд. Дар ҳамин ҳол, 30 октябр сабти номи номзадҳо ба охир мерасад.

Комиссияи марказии интихоботӣ 23 сентябр эълон кард, ки ҳамаи чаҳор ҳизби расмии Ӯзбекистон ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд.

Ҳизби "Наҳзати миллӣ", Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби "Адолат" дар ҳафтаи гузашта номзадҳояшонро пешбарӣ карданд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 4 декабр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG