Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зиндонии фирорӣ боздошт шуд


Дар вилояти Чуйи Қирғизистон дар наздикии гузаргоҳи марзӣ як шаҳрванди ин кишвар, ки мехост ғайриқонунӣ марзро убур кунад, боздошт шудааст. Боздоштшуда талош дошт, ки аз Қазоқистон вориди Қирғизистон шавад.

Шаҳрванди Қирғизистон З.С. соли таваллудаш 1994, мехост аз дарёи Чу убур карда, вориди кишвараш шавад.

Марзбонон шахсияти боздоштшударо муайян кардаанд. Маълум шудааст, ки вай ду моҳ инҷониб дар ҷустуҷӯи мақомоти Қазоқистон аст. Боздоштшуда аз зиндони Қазоқистон фирор кардааст.

Баъди тартиб додани санад, боздоштуда ба ихтиёри мақомот супорида шудааст.

XS
SM
MD
LG