Ссылки доступа

Даъвати Раҳмон аз Туркия: "террористонро истирдод кунед"


Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара даъват кард, то барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ айбдор мешаванд ва дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, мусоидат кунад.

Ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти 21 октябраш бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, сурат гирифт.

Вай ҳамчунин ба зарурати роҳандозии чораҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуруҳҳои террористӣ, ки аз қаламрави Туркия барои рафтан ба ҷангҳои Ховари Миёна истифода мекунанд, таъкид кардааст.

"Муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳар ду кишвар ва минтақа, яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбею Анқара аст ва ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад", - афзудааст президенти Тоҷикистон.

Мавлуд Човушоғлу субҳи 21 октябр барои анҷоми сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе шуд ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов низ мулоқот кард. Ҷонибҳо гуфтаанд, ки "нисбат ба зарурати тақвияти абзорҳои дуҷонибаи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткориҳои созмонҳои фаромарзӣ ва ҳамчунин расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба ҳамдигар дар робита ба парвандаҳои ҷиноӣ, назари яксон доранд".

XS
SM
MD
LG