Ссылки доступа

Бахши қирғизистонии нашрияи Zaman-и Туркия баста шуд


Нашрияи "Zaman Қирғизистон" баъди 24 соли фаъолият аз нашр боз монд.

Хабар дода мешавад, ки рӯзноманигорон пароканда шуда, дар айни ҳол дар идора як хабарнигор ва як корманди техникӣ боқӣ мондааст.

Нашрия сар аз соли 1992 дар Қирғизистон ҳамчун бахши байналхалқии газетаи туркии Zaman ба табъ мерасид.

Ба гуфтаи мутахассисони бахши матбуот, нашрияи "Zaman Қирғизистон", ки бо забони қирғизӣ нашр мешуд, меъёрҳои касбиро риоя ва маълумоти беғаразона нашр мекард.

XS
SM
MD
LG