Ссылки доступа

СММ: пешниҳоди лоиҳаи қатънома зидди Исроил ба таъхир афтод


Миср пешниҳоди лоиҳаи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро, ки ба қатъи сохтмони шаҳракҳои Исроил дар заминҳои фаластиниён даъват мекунад, ба таъхир гузошт.

Қаблан Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА аз даъвати Бинёмин Натаняҳу, сарвазири Исроил, ки аз Вашингтон хост, ба лоиҳаи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ вето гузорад, ҳимоят кард.

Қоҳира 21 декабри соли равон лоиҳаи қатъномаро нашр кард, ки дар он аз Исроил талаб мешавад, фавран ба таври комил тамоми корҳои сохтмонии шаҳракҳои худро дар заминҳои ишғолии фаластиниён бо шумули Ерусалими Шарқӣ қатъ кунад.

Фаластиниҳо Ерусалими Шарқиро пойтахти кишвари ояндаи худ медонанд. Вале Исроил даъво дорад, ки тамоми Ерусалим пойтахти он аст.

XS
SM
MD
LG