Ссылки доступа

Доналд Трамп аз таҳрими Куриёи Шимолӣ даст намекашад


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА гуфтааст, бо назардошти таҳдидҳои барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ аз таҳримҳо зидди Пхенян пуштибонӣ хоҳад кард.

Ким Чен Ин, президенти Куриёи Шимолӣ 1 январ гуфт, то сохта шудани мушаки болдори байниқитъавии кишвараш як қадам мондааст ва базудӣ озмоиши нахустини он сурат мегирад. Трамп дар Твиттер навишт, ки ин кор анҷом нахоҳад ёфт.

Вазорати умури хориҷии Куриёи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки Трамп баъди пирӯзияш дар интихоботи президентии 8 ноябри соли 2016 бори нахуст дар бораи барномаи ҳастаии Пхенян суҳбат мекунад.

Шӯрои амнияти СММ моҳи ноябри соли гузашта дар вокуниш ба озмоиши навбатии ҳастаии Куриёи Шимолӣ зидди Пхенян таҳрим эълон кард. Аз соли 2006 ин бори 5-ум аст, ки зидди Куриёи Шимолӣ таҳрим ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG