Ссылки доступа

Сокини Суғд барои намозхонӣ бо шеваи "Салафия" 5,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар вилояти Суғд Абдулло Муҳиддинов, як сокини маҳаллиро барои узвият дар равияи мамнӯи “Салафия” айбдор ва 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ҳамчунин дӯсти Муҳиддинов – Абдулатиф Ҳидоятов барои хабар надодан аз ақидаҳои мамнӯи мазҳабии рафиқаш барои 8 моҳ равонаи зиндон шудааст.

Зимни мурофиа Абдулло Муҳиддинов гуфтааст, ки чунин тарзи намозгузориросолҳои 2012 то 2014 дар масҷидҳои Русия ва ба пайравӣ аз муҳоҷирони қафқозӣ омӯхтааст ва ду соли ахир, баъди бозгашташ аз муҳоҷират ба тарзи омӯхтааш намоз мехонд.

Додгоҳи ноҳияи Ғафуров мегӯяд, гуноҳи сокини ҷамоати Исфисор Абдулло Муҳиддинов пурра исбот шудааст. Ба гуфтаи додраси ин додгоҳ Ҷалолиддин Азизӣ, Муҳиддинов дар баробари гузоридани намоз ба шеваи "Салафия" ҳамчунин ақидаҳои ин равияро тарғиб мекардааст.

"Муҳиддинов дар як корхонаи мебелсозӣ кор мекард ва “дар вақти намозхонӣ бо дӯстонаш ба намозгузории шариконаш эрод мегирад ва намозхонӣ ба тарзи “Салафия”-ро тарғиб мекунад", - афзуд Азизӣ. Ба қавли ӯ, сокини Исфисор дар додгоҳ ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст, вале гуфтааст, ҳеҷ амали баде анҷом надодааст.

Муҳиддинов ва рафиқаш тирамоҳи соли 2016 дастгир ва ҳукми додгоҳ охирҳои моҳи декабри соли гузашта содир шудааст.

XS
SM
MD
LG