Вай 6 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Рустами Эмомалӣ се дипломи донишгоҳҳои олии дохилу хориҷро дорад.
"Дар рӯзҳои нахустини корӣ исбот кард, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебарояд. Ҳини фаъолияташ дар вазифаи раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ низ камбудие сурат нагирифтааст", -- афзуд Давлатов.
Ба гуфтаи вай, тибқи қонунгузорӣ, раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар се сол як бор барои такмили ихтисос даъват мешаванд ва раиси нави шаҳри Душанбе низ ба ин давраҳои омӯзишӣ даъват хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон 12 январи соли равон ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. То ин дам ӯ дар вазифаҳои раиси Кумитаи гумрук ва Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар кор кардааст.
Ҷумъа Давлатов мегӯяд, 44 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаро дар Тоҷикистон ҷавонони то 35-сола ишғол кардаанд.