Ссылки доступа

Дар Қазоқистон се нафар ба мабраз афтоданд ва фавтиданд


Cе узви як оила дар вилояти Алматои Қазоқистон ба мабраз афтода ва дар он ҷо ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории «Казинформ» иттилоъ додааст.

Воқеа шоми 6 июн дар деҳаи Киргауйилдии ноҳияи Қарасой рух додааст. Аввал тасодуфан духтарчаи 10-сола ба чуқурии ҳоҷатхона афтод. Эҳтимол меравад, вай телефони ҳамроҳи худро афтондааст ва дар талоши гирифтани он худ ба чуқурии мабраз ғалтидааст. Марди 50-сола ва духтари 24-сола, ки ба кӯмаки духтарча омадаанд, низ ба мабраз афтодаанд. Ҳарсе дар ҷойи воқеа фавтидаанд.

Раёсати ҳолатҳои изтирории вилояти Алмато мегӯяд, ҷасади ин се нафарро ҳамсоягонашон аз чуқурии ҳоҷатхона берун овардаанд.

Ҳодисаи ҳамсон чанде пеш дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон рӯй дода буд. Марде ҳангоми кофтани чуқурӣ барои ҳоҷатхонаи нав дар паҳлуи мабраз, аз фурӯ афтодани девораи байни мабразҳои куҳна ва нав ғарқ шуд. Ҳамсараш, ки талош кард ӯро берун орад, худ низ ба чуқурӣ афтид ва ҳарду ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG