Ссылки доступа

Путин бори аввал расман тасдиқ кард, ки набера дорад


Владимир Путин бо ҳамсари пешинаш Людмила
Владимир Путин бо ҳамсари пешинаш Людмила

Президенти Русия Владимир Путин бори аввал дар мусоҳибаи расмӣ тасдиқ кард, ки соҳиби набера аст. Расман маълум аст, ки Путн аз ҳамсари пешинаш Людмила ду духтар дорад, вале ҳамеша аз додани тафсилот дар бораи онҳо худдорӣ кардааст.

Дар бобати набера низ Путин танҳо ба пурсиши коргардони амрикоӣ Оливер Стоун посухи мусбат дод ва нагуфт, чанд набера дорад ва онҳо фарзандони кадом духтараш – Мария ё Катеринаанд. Вай танҳо зикр намуд, ки барои бозӣ кардан бо онҳо вақт надорад.

Бино бар тадқиқоти журналистон, духтари хурдии Путин - Катерина Тихонова раҳбари шабакаи технологии Донишгоҳи давлатии Москва, ҳамсари Кирилл Шамалов – писари Николай Шамалов аст, ки дӯсти деринаи Путин ва саҳмдори бонки "Россия" номида мешавад. Хабаргузории "Reuters" сарвати муштараки Катерина ва Кириллро 2 млрд доллар баршумурдааст, ки бахши асосии онро саҳми 21-дасрадии Кирилл дар ширкати "Сибур" ташкил медиҳад.

Дар бораи духтари калонии Путин – Мария иттилоъ аз ин ҳам камтар аст. Ба огаҳии "Reuters", вай мутахассиси тибби биологӣ буда, бо пажуҳиши низоми эндокринӣ машғул аст ва дар Маркази эндокринологии Вазорати тандурустии Русия кор мекунад. Бино бар маълумоти расонаҳо, ҳамсари Мария соҳибкори ҳолландӣ Йоррит Йоост Фаассен аст, ки дар "Газпромбанк-инвест" ва "Стройтрансгаз", сипас "Газпромбанк" кор кардааст.

Соли 2012 ба пурсише дар бораи набераҳо Путин гуфта буд, ки "гумон намекунад, донистани ин барои мамлакат зарур бошад". Моҳи ноябри соли 2014 дар мусоҳиба бо ТАСС гуфта буд, ки духтаронаш дар Москва зиндагӣ мекунанд ва моҳе як ё ду бор онҳоро мебинад.

XS
SM
MD
LG