Ссылки доступа

Demir Holding-и рондашуда ба Ӯзбекистон бармегардад


Здание Demir/Mir Store до прекращения деятельности компании в Узбекистане.
Здание Demir/Mir Store до прекращения деятельности компании в Узбекистане.

Пас аз танаффуси чандсола супермаркетҳои туркии Demir, ки молики онҳо Аҳмад Демир дар оғози солҳои 2000 аз Ӯзбекистон ронда шуд, аз нав дар ин кишвар боз мешаванд. Низои байни ширкати Demir Holding ва мақомоти ӯзбек бо дастури шахсии президент Шавкат Мирзиёев ҳал шудааст.

Ба маълумоти манобеи огоҳ дар ҳукумати Ӯзбекистон, Аҳмад Демир, ки ҳоло ба кушодани дафтараш дар Тошканд омодагӣ мегирад, охири моҳи апрели соли равон вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоглуро дар сафараш ба Ӯзбекистон дар ҳайати соҳибкорони турк ҳамроҳӣ кардааст. Дар ҷараёни ин сафар масъалаи бозгашти ширкати ӯ ба Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.

Demir Holding, ки аз нахустин ширкатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол буд, соли 1992 ба ин кишвар омад ва дар муддати кӯтоҳ ба шабакаи бузурге табдил ёфт, ки 7000 нафарро бо шуғл таъмин мекард. Ин ширкат, ки дар ибтидо бо тиҷорат машғул буд, доираи фаъолияти худро васеъ кард ва ба тавлиди маҳсулоти бофандагӣ, ҳамчунин бинокорӣ ва ҷаҳонгардӣ низ даст зад.

Дертар, баъд аз силсилаи тафтишҳо аз тарафи ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон шабакаи Demir ба Mir Store тағйири ном кард ва Аҳмад Демир аз Ӯзбекистон ронда шуд. Моликияти ӯ мусодира гашт ва ба фурӯхта рафт. Ҳоло тарафҳо шароити бозгардони бархе аз моликияти ӯро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG