Ссылки доступа

830 шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша паноҳҷӯ шудаанд


Бунгоҳи омори Иттиҳоди Аврупо ё «Евростат» хабар дод, ки дар як соли охир 830 шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомоти Полша ё Лаҳистон дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки 8 дарсади шумори умумии паноҳҷӯён дар ин кишварро ташкил медиҳад.

Дар соли 2014 чунин дархостҳо аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон ба маротиб камтар буда, дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷамъан 105 шаҳрванди Тоҷикистон хостори паноҳандагӣ шудаанд. Аммо пас аз соли 2015, вақте ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манъ шуд, шумораи паноҳҷӯён аз Тоҷикистон афзуд. Ҳизби мазкур ба ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалима Назарзода ва талоши табаддулот айбдор гашта, дертар Додгоҳи олӣ онро созмони террористӣ эълон кард.

Гуфта нашудааст, то ҳол Лаҳистон ба чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави худ паногоҳ дод. Бунёди ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ, ки аз ҳаққи паноҳандагон ҳимоят мекунад, мегӯяд, аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба дархости худ посухи рад гирифтанд. Бархе аз онҳо сипас ба Олмон кӯчиданд ва дар ин ҷо дархости паноҳандагӣ карданд, аммо низ ҷавоби манфӣ гирифтанд.

Дар ин байн дар худи Тоҷикистон ақидае роиҷ аст, ки бархе аз шаҳрвандон бо ангезаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд ва дар ватан зери таъқиб нестанд.

XS
SM
MD
LG