Ссылки доступа

Боздоштҳо дар тазоҳуроти зиддифасод дар Русия


Дар чандин шаҳру вилояти Русия ба муносибати Рӯзи Русия бо ширкати тарафдорони сиёстмадор Алексей Навалний раҳпаймоиҳои зиддикоррупсионӣ баргузор шуданд. Даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони ин тазоҳуротро пулис боздошт намуд.

Дар маркази шаҳри Владивосток байни тазоҳуркунандагон ва сарбозони пулиси таъйиноти махсус задухӯрд ба амал омад. Пулис 11 нафар, аз ҷумла фаъоли ҷамъиятӣ Максим Шинкаренкоро, ки шиори "Дафъ шав, Димон"-ро дар даст дошт, ба ҳабс гирифт. Дар пароканда кардани тазоҳуроте, ки мақомоти шаҳр онро ғайриқонунӣ меноманд, казакҳо низ ширкат карданд.

Дар Благовешенск дар гирдиҳамоии бе машварат бо мақомот чаҳор тан боздошт шуданд. Яке аз онҳо шиори "Русия бе коррупсия" дар даст дошт.

Ҳукумати шаҳри Қазон ба мухолифон иҷоза дод, дар канораи шаҳр ва танҳо соати 7-и субҳ тазоҳурот кунанд, аммо созмондиҳандаи раҳпаймоиро боздошт намуд. Дар тазоҳурот наздики 400 нафар ширкат намуд. Гирдиҳамоиҳо дар Барнаул, Красноярск, Новосибирск, Улан-Удэ ва Хабаровск низ баргузор шуданд.

Як рӯз пеш Алексей Навалний эълом дошт, ки тазоҳуроти боиҷоза дар хиёбони Сахарови Москва мумкин аст, ба иллати фишори мақомот, ки истифодаи садобар ва лавҳаҳои видеоиро манъ кардаанд, баргузор нашавад. Вай аз тарафдоронаш хост, тазоҳуроти осоиштаро дар кӯчаи Тверской, наздикии Кремл барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG