Ссылки доступа

Сокинони Пуэрто-Рико барои пайвастан ба ИМА раъй доданд


Аксарияти сокинони Пуэрто-Рико дар раъйпурсии рӯзи якшанбе ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба ИМА ва аёлати 51-уми ин кишвар шудан ҷонибдорӣ карданд.

Ним миллион сокини Пуэрто-Рико ба ин мазмун раъй додаанд. Ду гузинаи дигари баргаҳои раъйдиҳӣ - истиқлоли комил ва ҳифзи вазъи кунунии "кишвари ҳампаймони ИМА" - мутаносибан 7600 ва 6700 раъй соҳиб шуданд. Дар ин раъйдиҳӣ ҳамагӣ 23 дарсади сокинон ширкат карданд. Ҳуқуқдонҳо дар қонунӣ будани интихобот шубҳа доранд.

Раъйдиҳии сокинони ин ҷазираи Кариб танҳо баъд аз сӯи ду палатаи Конгресси ИМА ва президенти кунунии ин кишвар тасдиқ гардидан, қувваи қонунӣ касб мекунад. Губернатори Пуэрто-Рико гуфт, ҷолиб хоҳад буд, агар Вашингтон, ки дар саросари дунё аз принсипҳои демократӣ ҳимоят мекунад, ин бор аз ин принсипҳо сар битонад.

Расо сад сол пеш ба сокинони Пуэрто-Рико шаҳрвандии ИМА дод шуда буд, аммо онҳо ҳаққи ширкат дар интихоботҳои президентиро надоранд ва танҳо метавонанд, як намоянда ба Конгресс бифиристанд. Сокинон андози федеролии даромад аз фоидаро намепардозанд ва ҳам аз буҷаи федеролӣ нисбат ба аёлатҳои дигар маблағи камтар мегиранд.

XS
SM
MD
LG