Ссылки доступа

Дар маъракаҳои зиддифасоди Русия 1400 нафар боздошт шуданд


Дар даҳҳо шаҳри Русия бо ташаббуси тарафдорони сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний гирдиҳамоиҳои зидди фасод баргузор шуданд. Пулис ширкаткунандагони чи ҷамъомадҳои расмӣ ва чи беиҷозаро боздошт кард.

Бино бар хабарҳо дар Москва зиёда за 731 нафар ва дар Санкт-Петербург наздики 500 нафар боздошт шудаанд. Дар бархе аз шаҳрҳо байни пулис ва тазоҳуркунандагон даргириҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Дар шаҳрҳои дигар зиёда аз 140 нафар боздошт шуд ва шумораи умумии боздоштшудаҳо қариб 1400 нафарро ташкил медиҳад.

Худи Навалний ҳанӯз пеш аз оғози тазоҳурот дар назди хонааш дар Москва боздошт шуд. Вай ба нақзи такрории қоидаҳои баргузории гирдиҳамоӣ айбдор мешавад, ки муҷозоти он аз 30 рӯзи ҳабси маъмурӣ иборат аст. Дар коргоҳи ӯ -- Бунёди мубориза бо фасод барқ ва хатти интернет қатъ карда шуд.

Мақомот ба тарафдорони Навалний иҷоза дода буданд, ки гирдиҳамоиро дар хиёбони Сахаров барпо кунад. Аммо Навалний бо эълони он ки мақомот иҷозаи истифодаи садобар ва лавҳаҳои видеоиро надодаанд, тарафдоронашро ба кӯчаи Тверской, дар наздикии Кремл даъват кард. Шаҳдории Москва ба мухолифон иҷозаи «сайр» дар ин кӯчаро дод, вале бе шиору лавҳаҳо.

Ҳамчун баҳонаи гирдиҳамоӣ филми пажуҳишии Бунёди мубориза бо фасод номбар мешавад, ки дар он сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба фасодкорӣ муттаҳам шудааст. Чунин тазоҳурот 26 март дар чандин шаҳри Русия баргузор шуда, дар ҷараёни он 1000 нафар боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG