Ссылки доступа

Парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов ба додгоҳ ирсол шуд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирориро, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, барои муҳокима ба додгоҳ супурдаанд.

Як манбаъ дар ин мақомот гуфт, Беҳрӯзи Гулмурод бар тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба “талош барои ҷиноят” ва “зархаридӣ” муттаҳам мешавад. Ин манбаъ гуфт, “ Беҳрӯз бо афроде, ки худро дӯстони падараш муаррифӣ мекарданд, дар тамос буда, бо ҳидояти онҳо талош кардааст, ба назди падараш ба Ироқ биравад.”

Беҳрӯзи 18-сола зимни бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш мустақим иртибот надошт ва то замони боздошт, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таввасути афроде, ки худро дӯстони Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекарданд, аз ҳоли ӯ огаҳ мешуд.

Нилуфар Ҳалимова, хоҳари Беҳрӯз мегӯяд, хабари ба Сурия рафтани Беҳрӯз "бофта" аст. "Ин нодуруст аст. Бародари ман баъди хатми мактаб дар бозори "Корвон" кор мекард. Ҳамаи пулҳои коркардаашро ба хона меовард, ки мо аз набудани падарамон камтар ранҷ кашем", - гуфт вай.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG