Ссылки доступа

Туркия бори дигар аз Қатар пуштибонӣ кард


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон муҳосираи Қатарро амали "ғайриинсонӣ" ва хилофи арзишҳои исломӣ номид.

Дар паёме ба порлумони Туркия ва вакилони ҳизби ҳоким рӯзи сешанбе президент Эрдуғон гуфт, ки Арабистони Саудӣ бояд буҳронеро ҳал кунад, ки якҷо бо Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср ва Баҳрайн дар Қатар ба миён овардааст. Таври маълум 5 июн Оли Сауд ва ҳампаймонҳояш Қатарро ба ҳимоят аз терроризм ва Эрон айбдор ва ҳамаи робитаҳояшонро бо Доҳа қатъ карданд.

Қатар ин иттиҳомотро рад мекунад. Туркия ва Эрон ба пуштибонӣ аз Қатар садо баланд кардаанд.

Рӯзи душанбе Бритониё низ аз давлатҳои араб даъват намуд, то муҳосираи ҳавоии Қатарро сабуктар кунанд.

XS
SM
MD
LG