Ссылки доступа

Президенти пешини Руминия ба ҷавобгарӣ кашида мешавад


Ион Илиеску – нахустин президент Руминия пас аз сарнагунии режими коммунистӣ
Ион Илиеску – нахустин президент Руминия пас аз сарнагунии режими коммунистӣ

Додситонии кулли Руминия изҳор дошт, ки президенти пешини кишвар Ион Илиеску ва сарвазири собиқ Петре Роман барои ҳалокати чанд нафар дар рӯйдодҳои соли 1990 ба додгоҳ кашида мешаванд.

Ҳарду раҳбари пешини мамлакат даст доштани худро дар саркӯби гирдиҳамоии соли 1990 дар Бухорест рад мекунанд. Вале додситонӣ бар ин аст, ки ҳазорон нафар аз кӯҳканҳо бо даъвати ҳукумати вақт ба пойтахт омаданд ва бо эътирозгарон даргир шуданд. Дар натиҷаи хунрезиҳои 13-15 июни соли 1990 чаҳор тазоҳуркунанда кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд.

Ин рӯйдодҳо ба гирдиҳамоии шабонарӯзӣ ва тӯлонии зиддиҳукуматӣ хотима гузошт, ки 22 апрел сар шуда буд. Тайи 53 рӯз ҳазорон нафар дар митинг ширкат ва Иона Илиескуро ҳамчун ҳокими «навкоммунист» ба поймол кардани меъёрҳои демократӣ айбдор мекарданд. Илиеску бо ҳамсафонаш моҳи декабри соли 1989 ба думболи як “табаддулоти инқилобӣ” ва куштори президент Николае Чаушеску ва ҳамсари ӯ Елена ба қудрат расида буд.

Рӯзи баргузории муҳокима ҳанӯз таъйин нашудааст. Додситонӣ мегӯяд, раҳбари вақти хадамоти амнияти Руминия Вирҷил Мэгуряну низ яке аз айбдоршавандагон аст.

XS
SM
MD
LG