Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як узви гуруҳи террористӣ боздошт шуд


Маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки "дар рафти амалиёти пешгирӣ аз воридшавии аъзои гуруҳи террористӣ ба Қирғизистон барои анҷоми теракт", шаҳрванди Қирғизистон Я.У - узви гуруҳи террористӣ боздошт шудааст.

КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, ин шаҳрванд соли 2014 шомили гуруҳи байналхалқии террористӣ шуда, омодагии ҷангӣ дидааст ва дар ҷангҳои Сурия низ ширкат кардааст.

Я.У., бино бар иттилои КДАМ, бо фармони роҳбарони гуруҳҳои террористӣ ният дошт, ба Қирғизистон ворид шуда, бо ҳадафи ба роҳ мондани "ҷиҳоди мусаллаҳона" ва ташкили терактҳо дар ин кишвар гуруҳи террористӣ созмон диҳад.

КДАМ бо моддаи "зархаридӣ" нисбати Я.У. парванда таъсис дода, тафтишотро пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG