Ссылки доступа

Комиссияи Аврупо таъқиби ҳуқуқии Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Лаҳистонро шуруъ кард


Комиссияи Аврупо таъқиби ҳуқуқии Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Лаҳистонро шуруъ кард. Ин кишварҳо барои напазируфтани паноҳандагон аз рӯи тақсимбандии Иттиҳоди Аврупо, таъқиб мешаванд.

Соли 2015 кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки ҳар кишвар 160-ҳазорӣ паноҳандаро дар ҳудудаш ҷой медиҳад. Ин меъёр ҳатмӣ буд ва бархе аз кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ аз он истиқболи сард карданд. Лаҳистону Маҷористон то кунун ҳеч паноҳандае қабул накардаанд. Ҷумҳурии Чех ҳамагӣ ба 12 паноҳанда ҳаққи истиқомат дод, аммо моҳи ҷорӣ эълон кард, ки аз созиши мазкур ба далели хатарҳои амниятӣ хориҷ мешавад.

"Ман бо таассуф зикр мекунам, ки сарфи назар аз даъватҳои такрории мо, Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Лаҳистон коре анҷом надоданд", - гуфт комисари Иттиҳоди Аврупо дар умури муҳоҷират Димитрис Аврамопулос дар нишасти хабарии Страсбург. "Аз ҳамин хотир комиссия таъқиби ҳуқуқии ин кишварҳоро шуруъ мекунад", - афзуд вай. Пеш аз он ки кишварҳои мазкур ҷарима баста шаванд, баҳсҳои ҳуқуқӣ чанд моҳ идома хоҳанд кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Чех Богуслав Соботка тасмими Иттиҳодро фавран маҳкум кард. "Комиссияи Аврупо бо чашмони пӯшида талош дорад, ки низоми тақсимбандии муҳоҷиронро роҳандозӣ кунад. Ин тақсимбандӣ эътимоди мардумро нисбати тавоноии Иттиҳод кам кард. Масълаи буҳрони муҳоҷират бояд бо роҳи косептуалӣ ҳал шавад", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG