Ссылки доступа

Сенати ИМА таҳримҳои нави зидди Русияро писандид


Сенати ИМА бо аксарияти оро аз таҳримҳои нави зидди Русия пуштибонӣ кард. Гуфта мешавад, ин тарҳ дар посух ба амалкардҳои Москва дар Украина, ҳамлаҳои интернетӣ ба ситодҳои интихоботии ИМА ва мудохилаи Русия дар Сурия ба миён омадааст.

Ин санад ба қонунгузории нав бобати густариши таҳримҳои зидди Эрон шомил шуда, раъйдиҳӣ ба тарҳи умумӣ дар Сенат 15 июн ҷараён мегирад. Сипас тарҳ барои баррасӣ ба Палатаи намояндагони Конгресс ирсол мешавад.

Маҳдудиятҳои нав зидди як қатор барномаҳои энергетикии Русия ва сармоягузории бахшҳои калидии иқтисоди он ва ҳамчунин ашхосе равона шудааст, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд, ба режими Башор Асад дар Сурия силоҳ мефурӯшанд, дар ҳамлаҳои рахнагаронаи интернетӣ бо дастури ҳукумати Русия ширкат меварзанд, дар додуситад ва хусусигардонии фосиди моликияти давлатӣ даст доранд ва онҳое, ки бо сохторҳои иктишофӣ ва ҳарбии Русия ҳамкорӣ мекунанд.

Ба ғайр аз ин таҳримҳо ба риштаҳои истихроҷи маъдан, тавлиди филизот, боркашонии баҳрӣ ва роҳи оҳани Русия дахл хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG