Ссылки доступа

Сокинони Ӯзбекистон ба Собчак ва Навалний посух доданд (видео)


Даҳҳо сокини Ӯзбекистон ба як ишораи шореҳи телевизион Ксения Собчак ва сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний посух доданд. Собчак ва Навалний дар як намоиши телевизиони «Дожд» гуфтанд, ки касе дар Ӯзбекистон кӣ будани Пушкинро намедонад.

Дар посух сокинони Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хондани ашъори Пушкин паём доданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, дар Ӯзбекистон кӯчаи Пушкин ҳаст, майдон ва истгоҳи метро ба номи шоир гузошта шудаанд. Яке аз ширкаткунандагони ин флешмоб, бино бар хабари «Sputnik Узбекистан» аз Собчак ва Навалний хост, меҳмони Ӯзбекистон шаванд ва зиндагии мардумро нишон диҳанд.

«Каме ҷаҳонбинии худро васеътар кунед ва нодонии худро ба намоиш нагузоред ва нагӯед, ки ин ё он мардум Пушкинро намешиносанд. Мо Пушкинро ҳам медонем, Блоку Есенинро ҳам, Маяковский, Лермонтов, Грибоедов ва Гоголро низ. Ман онҳоро аз кӯдакӣ медонам ва метавонам номҳои зиёдеро ба забон орам, вале шумо дар бораи мо чизе намедонед», – гуфт яке аз корбарон дар паёми видеоии худ.

XS
SM
MD
LG