Ссылки доступа

Туркманистон: баъди гаронии билетҳои роҳи оҳан саргардонии мусофирон дучанд шуд


Мусофирони қатораи самти Ишқобод-Серхатобод дар Туркманистон мегӯянд, баъди болоравии арзиши билет сифати хизматрасониҳо боло нарафта, баракс мушкилиҳои дигар сар задааст.

Арзиши белити қатораҳои Туркманистон сар аз 1 июн 100 дарсад, билети ҳавопаймоҳо 20 дарсад боло рафт. Як сокини 60-солаи шаҳри Серхатобод мегӯяд, болоравии нархи билет боиси беҳ гардидани сифати хизматрасониҳо нашудааст.

"Ҳамон бистарҳои ифлос, қаторҳои бе обу чой боқӣ мондаанд. Дар ҳуҷраҳои дастшӯии бархе аз қаторҳо обшангҳо аз кор мондаанд, ранги қолинҳои роҳравҳоро аз зиёдии ифлосӣ фарқ кардан номумкин аст", - мегӯяд сокини Серхатобод.

Ба гуфтаи ин сокин, 7 июн бе огоҳии қаблӣ замони ҳаракати қатораи самти Серхатобод-Ишқобод тағйир дода шуд

"Мусофирони қатораи мазкур танҳо дар дохили қатор аз тағйирёбии замони ҳаракат огоҳӣ пайдо карданд", - гуфт мусофири 60-сола.

XS
SM
MD
LG