Ссылки доступа

Маҳдудияти нав дар фурӯши симкортҳо дар Тоҷикистон


Масъулини ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳақ надоранд, ки ба як муштарӣ беш аз ду симкорт фурӯшанд. Ин тасмим бар асоси як қарори Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки ҳанӯз моҳи майи имсол қабул шуда буд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар бештари ҳолат ҷинояткорон симкортҳоеро истифода мебаранд, ки ба номи афроди дигар сабт шудаанд ва ин ҳолат ҷараёни тафтишотро ба мушкил рӯбарӯ мекунад.

Сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз шуда ва то охири моҳи майи имсол идома кард. Дар ин муддат касоне, ки натавонистанд барои сабти дубораи симкортҳои харидаашон дар намояндагии ширкатҳои мобилӣ ҳозир шаванд, ҳуқуқи соҳибӣ ба ин манбаи гуфтугӯро аз даст доданд.

Дар сурати истифода набурдани симкортҳои фурӯхташуда ва ғайрифаъол будани онҳо ширкатҳо маҷбуранд, ки ҳар моҳ барои як симкорт 80-дирамӣ пардохт намоянд.

XS
SM
MD
LG