Ссылки доступа

Фармони бастани коллеҷи тиббӣ баъди марги донишҷӯ


Омӯзгорони коллеҷи тиббии шаҳри Тошканд ба як ҷаласаи фаврӣ даъват шуданд ва онҷо хабар ёфтанд, ки мумкин аст, коллеҷи мазкур баста шавад.

Санҷишу тафтишҳо дар коллеҷ баъди марги фоҷиавии як донишҷӯи он - Ҷасур Иброҳимови 18-сола шуруъ шуд. Хабар дода мешавад, ки хонандагони коллеҷ миёни муассисаҳои дигари таълимӣ тақсим хоҳанд шуд.

Вазорати тандурусии Ӯзбекистон мегӯяд, президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласа шахсан дастур додааст, ки коллеҷ баста шавад.

Ҷасур Иброҳимов 3 май аз сӯи ҳамдарсонаш латту кӯб шуд.

Баъди ин ҳодиса вай панҷ ҷарроҳиро аз сар гузаронд, аммо шаби 1 июн дар бемористон фавтид.

Пулиси Тошканд ваъдаи пайдо кардани гунаҳкорони марги Ҷасур Иброҳимро дода, таҳқиқи парвандаро шуруъ кардааст. Бино бар иттилои додситонии кулли Ӯзбекистон, дар робита ба ин ҳодиса чанд гумонбар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG