Ссылки доступа

Русия мегӯяд, раҳбари ДИ ал-Бағдодӣ кушта шудааст


Вазорати дифои Русия эълон кард, ки раҳбари "Давлати исломӣ" (ДИ) Абубакр ал-Бағдодӣ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳи Русия дар канораи ҷанубии Раққа, пойтахти ДИ дар Сурия, кушта шудааст.

Ин бори аввал нест, ки аз ҳалокати сарвари гурӯҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" хабар дода мешавад. Чунин овозаҳо дар гузашта низ борҳо дар расонаҳои ахбори ом нашр шудаанд. Вале бори аввал аст, ки ин хабар аз тарафи идораи ҳарбии яке аз кишварҳои даргир бо ДИ пахш гаштааст.

Дар изҳороти мақомоти Русия гуфта мешавад, ки хабари марги Бағдодӣ ниёз ба тафтиш ва тасдиқ дорад.

Бағдодӣ аз моҳи июни соли 2014 раҳбарии "Давлати исломӣ"-ро ба зимма гирифт. Пайравони ӯ қаламравҳои зиёдеро дар Сурия ва Ироқ зери тасарруф дароварда, ҳазорон нафарро аз кишварҳои ҷаҳон ба сафи худ ҷалб карданд. Гурӯҳи ДИ ба қатлҳои бераҳмонаи аҳолии осоишта ва ҷиноятҳои сангини ҷангӣ, аз ҷумла наслкушӣ, айбдор мешавад.

Эътилофи байнулмилалӣ таҳти сарварии ИМА зидди ДИ меҷангад ва аз сентябри соли 2015 Русия амалиёти ҳарбиеро дар Сурия оғоз кард, ки низ, тавре Кремл мегӯяд, зидди исломгароён равона шудааст.

XS
SM
MD
LG