Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон гуруҳи дуздони "ниқобпӯш" зиндонӣ шуд


Як гурӯҳи панҷнафарии маъруф ба “ниқобпӯш” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Фирӯза Ғайбуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 15-уми июн гуфт, ки ин афрод ба дуздӣ ва роҳзанӣ дар манзили сокинон ва як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ айбдор гардиданд.

Ӯ гуфт, “бар асоси қарори додгоҳ, Исломхоҷа Маматхоҷаев ба 12, Азаматхӯҷа Мирзохӯҷаев ба 11 ва Абдуаҳад Маликов ба 10 соли зиндони дорои низомаш сахт маҳкум шуданд. Ду шарики онҳо – Акрамхӯҷа Аҳмадов панҷ ва Фазлиддин Ҷумъаев се соли зиндон гирифтанд.”

Рустам Каримов, вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо - Фазилиддин Ҷумъаев гуфт, ки додгоҳ барои ислоҳ шудан ба нафари таҳти ҳимояти ӯ ва ҳамроҳонаш “шанс” надодааст.

Фирӯза Ғайбуллозода афзуд, ин гурӯҳи панҷнафарии иборат аз ҷавонони аз 20 то 26-сола дар соли гузашта ва аввали имсол чанд бор ба хонаи сокинон ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамла карда, пулу дороиҳояшонро ба яғмо бурдаанд.

Ду нафари маҳкумшудаҳо – Исломхоҷа Мамадшоев ва Акрамхӯҷа Аҳмадов қаблан низ барои дуздӣ ба зиндон маҳкум шуда ва бо татбиқи қонуни афв, раҳо гардидаанд. Замони даст ба ҷиноят задан, ин панҷ ҷавон дар ҷое кор намекардаанд.

XS
SM
MD
LG