Ссылки доступа

Қазоқистон миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ болотарин сатҳи таваррумро дорад


Сатҳи таваррум дар Қазоқистон поин меояд, аммо миёни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) Қазоқистон ҳамоно дорои болотарин мизони таваррум боқӣ мемонад. Дар ин бора сомонаи Finprom хабар медиҳад. Бино бар натиҷагирии моҳи апрели соли ҷорӣ, мизони таварруми солона дар Қазоқистон 7,5 дарсадро ташкил додааст.

Муаллифони пажуҳиш менависанд, ки то моҳи октябри соли 2015 сатҳи таваррум дар Қазоқистон миёни кишварҳои ИИАО камтарин - 4,4 фоизи солона буд. Аммо баъди беқурбшавии августӣ, моҳи октябри соли 2015 мизони таваррум якбора ба 9,4 фоиз расидааст.

Ба ин тартиб, Қазоқистон аз рӯи сатҳи таваррум аз Белорус дар пеш аст. Дар Белорус сатҳи таваррум бо қиёс ба апрели соли 2016 6,3 фоизро ташкил медиҳад. Белорус соли 2016 пули миллиашро тағйир дод.

Камтарин мизони таваррумро миёни кишварҳои ИИАО Қирғизистон - 3,8 фоиз ва Арманистон - 1,2 фоиз доштаанд.

XS
SM
MD
LG