Ссылки доступа

Текебоев аз маҳбас хостори ширкат дар интихоботи президентӣ шуд


Ҳуқуқшиносони раиси ҳизби «Ота Макон»-и Қирғизистон Омурбек Текебоев асноди ӯро барои сабти ном шудан ҳамчун номзади интихоботи президентӣ ба Комиссияи марказии интихобот супурданд. Дар ин бора ҳуқуқшинос Қанотбек Азиз хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи марказии интихобот гувоҳинома дод, ки ҳуҷҷатҳоро пазируфтааст ва «дар давоми 10 рӯзи оянда бояд номзадро сабт кунад». Қанотбек Азиз афзуд, Текебоев аз роҳӣ худпешбарӣ номзад шудан мехоҳад ва ҳадафаш ин аст, ки «танҳо бо аъзои ҳизб маҳдуд нашуда, ба шаҳрвандони дигар низ имкон диҳад, то аз номзадияш пуштибонӣ кунанд».

Бар пояи муқаррарот, Текебоев то рӯзи номнавис шуданаш бояд 1 миллион сом (баробари 14,600 доллари амрикоӣ) гаравпулӣ диҳад ва дар давоми 50 рӯзи тақвимӣ имзои 30 000 интихобкунандаро ҷамъоварӣ намуда, ба комиссия супорад.

Раҳбари ҳизби «Ота Макон» Омурбек Текебоев аз 26 феврал ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро айбдор мекунанд, ки дар парвандаи ширкати "Мегаком" ришва гирифтааст. Муҳокимаи ӯ дар додгоҳ 5 июн оғоз ёфт.

XS
SM
MD
LG