Ссылки доступа

CNN: Миллионҳоеро, ки Магнитский меҷуст, дар Сурия ёфт шуданд


Журналистони шабакаи телевизионии CNN мегӯянд, санадҳоеро ба даст овардаанд, ки ба парвандаи ҳуқуқшиноси рус Сергей Магнитский пайванд мегиранд. Магнитский соли 2009 пас аз фош кардани як тарҳи молии ҷиноӣ боздошт шуд ва дар зиндони Москва фавтид.

Бино бар ин аснод як "ширкати сармоягузор", ки аз Русия идора шуда, бо мақомоти ин кишвар иртибот дорад, на камтар аз 900 ҳазор долларро ба ширкате фиристодааст, ки барномаи бунёди силоҳи кимиёии Сурияро таъмини молӣ мекард.

Дар қарордод ва сабтҳои бонкии солҳои 2007 ва 2008 гуфта мешавад, ширкати сармоягузор ризоият додааст, ки ба ширкати Balec Trading Ventures гӯё барои «мебели гаронбаҳо» зиёда аз 3 миллион доллар диҳад. Бино бар асноди бонкӣ, он тавонистааст, аз ин маблағ 900 ҳазор долларро интиқол диҳад.

Додуситад бо миёнаравии Quartell Trading сурат гирифтааст, ки эҳтимол меравад, бо олами ҷиноии Русия бастагӣ дорад. Ба ҳисобҳои Вазорати адлияи ИМА он яке аз чандин миёнаравест, ки аз Русия ба онҳо миллионҳо доллар гузаронида шудааст. Байни ин маблағҳо ва таҳқиқоти Магнитский робитаи мустақим ошкор гаштааст. «Парвандаи Магнитский» яке аз бузургтарин пажуҳишҳои коррупсионии давраи раҳбарии Путин ба шумор меравад.

Молики ширкатҳои Balec Ventures Исо ал-Зайдӣ, шаҳрванди Русия аст. Вазорати молияи ИМА дар соли 2014 зидди ӯ бо иттиҳоми равобиташ бо барномаи бунёди силоҳҳои ғайримуқаррарии Сурия таҳримҳо ҷорӣ намуд. Ба огаҳии CNN, Зайдӣ маркази илмиеро сармоягузорӣ мекунад, ки бо таҳқиқи маводи фалаҷкунандаи асаб машғул аст.

XS
SM
MD
LG