Ссылки доступа

Сафари давлатии президент Отамбоев ба Москва


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 19 июн барои анҷом додани сафари давлатӣ озими Русия шуд. Сафари ӯ дар Москва то 24 июн идома хоҳад ёфт.

Дар ҳоле ки сафари давлатии Отамбоев ба Москва ба 25-умин солгарди оғози равобити дипломатии Қирғизистон ва Русия бахшида шудааст, қарор аст, ӯ дар ин ҷо бо президенти Русия Владимир Путин ва сарвазир Дмитрий Медведев мулоқот кунад.

Ба ғайр аз ин раҳбари Қирғизистон бо намояндагони ҷомеаи илмии Русия ва қирғизистониҳои муқими Москва дидор хоҳад дошт. 20 июн вай дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Русия ширкат варзида, намоиши ҳунарпешагони кишварашро дар Толори бузурги Кремл тамошо хоҳад кард.

Дар рафти сафари Отамбоев ба Москва ҳайатҳои давлатии ду кишвар созишномаҳоеро дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба, муҳоҷират, тандурустӣ, молия ва омор ба имзо хоҳанд расонд.

Ба таъсиси равобити дипломатии байни Қирғизистон ва Русия 20 марти соли равон 25 сол пур шуд.

XS
SM
MD
LG