Ссылки доступа

Президенти Туркманистон зиёда аз 1000 маҳбусро бахшид


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати Шаби Қадри моҳи Рамазон 1029 маҳбусро бахшид ва аз идомаи адои ҷазо озод кард. Вай ҳамчунин дастур дод, ки ин афрод дар муддати кутоҳ ба хонаҳои худ расонда шаванд.

Бино бар хабари расмӣ, президенти Туркманистон ба сарони вилояту шаҳрҳо ва раҳбарони дигар дастур дод, ки барои бо кор таъмин кардани озодшудагон шароит фароҳам оранд, то онҳо тавонанд, бо меҳнати ҳалол гуноҳи худро ҷуброн намоянд ва дар рушди кишвар саҳм гиранд.

Ба ақидаи нозирон, бо «доғи судӣ» пайдо кардани ҷойи кор дар Туркманистон душвор буда, чунин афрод одатан аз тарафи пулис ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ зери фишор гирифта мешаванд.

Бино бар гузориши созмони «Prison policy initiative», Туркманистон аз рӯйи шумораи маҳбусонаш бар сари аҳолӣ пас аз ИМА дар ҷаҳон дар ҷойи дувум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG