Ссылки доступа

Боздошти як мансабдори дигари оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон


Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чаҳорчӯби тафтиши қазияи кормандони собиқи оҷонсии зиддифасод як мақомдори дигарро боздошт карданд. Як манбаи наздик ба тафтишот гуфт, дар чаҳорчӯби тафтишот Қосим Саидзода, сардори собиқи Раёсати якуми Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин ниҳод боздошт шудааст.

Ин мақомдори пешин тахминан як ҳафта қабл боздошт ва алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 319-и Кодекси Ҷиноӣ - “Гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун ҳабси аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи моликияти хусусиро дар назар мегирад.

Манбаъ аз оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, "тасмими ба ҷавобгарӣ кашидани Қосим Саидзода баъди он гирифта шуд, ки бар пояи баёнот ва рӯбарӯкунӣ бо гумонбарони дигари боздоштшуда тафтишот ин шахсро дар ришваситонӣ гумонбар донист."

Дар ҳоле, ки тасдиқи боздошт ва иттиҳоми Саидзода аз манобеи дигар имкон надорад, навбатдори оҷонсӣ да рӯзи 19 июн ва ҳам масъули дафтари матуботи Оҷонсии зиддифасод гуфт, Қосим Саидзодаро аз мақом барканор карданд ва ӯ тақрибан як моҳ боз дар оҷонсӣ кор намекунад.

Аз охири моҳи апрел дар Тоҷикистон мавҷи боздошти кормандони пешини оҷонсии зидди фасод сар зад ва то имрӯз бино бар хабарҳо, 9 корманди пешини ниҳоди мазкур боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG