Ссылки доступа

Амрико ба таҳдиди «ҷанги ҳавоӣ» -и Русия дар Сурия посух дод


F-18 взлетает с авианосца в Персидском заливе
F-18 взлетает с авианосца в Персидском заливе

Дар посух ба ҳушдори Кремл, ки ҳавопаймоҳои ИМА ва нерӯҳои эътилофӣ дар фазои Сурия ҳадафҳои эҳтимолии қувваҳои Русия шумурда хоҳанд шуд, Вашингтон гуфт, эътилоф ба худ ҳақ медиҳад, ки дар ҳама ҳолат аз худ дифоъ кунад.

Сухангӯи Кохи сафед Шон Спайсер рӯзи душанбе изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи манфиатҳои худ ва ҳампаймонҳояш дар Сурия аз ҳамаи василаҳо кор хоҳад гирифт. Пештар, баъд аз он ки нерӯҳои амрикоӣ як ҳавопаймои бомбафкани Су-22-и Сурияро суқут доданд, Москва эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳавопаймоҳои ИМА ва кишварҳои дигарро дар осмони Сурия ҳадаф хоҳад гирифт. Ҳавопаймои сарнагуншуда ба мавзеъҳои мухолифони сурёнӣ зарба мезад, ки дар наздикии Раққа бо дастаҳои “Давлати исломӣ” даргир буданд.

Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, ҳавопаймои давлати Сурия баъд аз он суқут дода шуд, ки ба ҳушдор вокуниш накард. Ин огоҳӣ ба он тавассути ҳарбиёни Русия ба воситаи хатти махсуси мухобиротӣ расонда шудааст.

Спайсер гуфт, Кохи сафед талош мекунад, барои пешгирӣ аз руйдодҳои буҳронӣ ин хатти робитаро бо ҳарбиёни Русия ҳифз кунад. Ба изҳороти Пентагон, ИМА барои таъмини амнияти ҳавопаймоҳояш, ки ба мавзеъҳои “Давлати исломӣ” зарба мезананд, масири парвози онҳоро тағйир медиҳад.

XS
SM
MD
LG