Ссылки доступа

Нигоҳи нави Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ


Иттиҳоди Аврупо дар садади нав кардани роҳкорҳои стратегии худ дар Осиёи Марказист. 19 июн вазирони умури хориҷии ИА дар Люксембург ба натиҷа расиданд, ки тарҳи нав то поёни соли 2019 омода шавад.

Стратегияи феълии ИА дар Осиёи Марказӣ ҳамоҳангии сиёсиро бо панҷ кишвари Шӯравии пешин – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар назар дорад. Ҳарчанд дар мавриди тарҳи нав тасмими муайяне гирифта нашудааст, Шӯрои корҳои хориҷии ИА чанд риштаро таъкид намуд.

Дар санад гуфта мешавад, ки «бо назардошти мушкилоти ҷиддии минтақа дар умури ҳуқуқи инсон, аз ҷумла масъалаи ҷендерӣ, Шӯро боз ҳам ба идомаи муколамаи муҳим бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сари мудирият, волоияти қонун ва ҳуқуқи башар арҷ мегузорад». Дар он ҳамчунин ба «аҳамияти фазои озоди матбуотӣ, фазои холӣ аз фишори беруна ва дохилӣ» ишора шудааст. Бино бар ин санад ИА инчунин ба ширкати фаъолтари Афғонистон дар умури минтақа «барои саҳмгирӣ дар эътидоли ҳамсоягии ҳасана дар Осиёи Марказӣ» талош хоҳад кард.

Дар масъалаи энерҷӣ ИА вазифадор мешавад, ки Долони ҷанубии интиқоли гази Озарбойҷон ба Аврупоро дароз кунад. Брюссел ҳамчунин бо пешниҳоди таҷриба ва сармояҳои худ мехоҳад, дар дастёфти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба энерҷии барқароршаванда саҳм бигирад.

XS
SM
MD
LG