Ссылки доступа

Дидори ғайрирасмии Алмосбек Отамбоев бо Владимир Путин


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои русаш Владимир Путин як дидори ғайрирасмӣ анҷом дод.

Тавре расонаҳо менависанд, дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои Қирғизистону Русия, инчунин гуфтугӯҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Дар доираи сафари давлатиаш Алмосбек Отамбоев дар Москва Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистонро дар Русия ифтитоҳ мебахшад.

Фардо мулоқоти Отамбоев бо доираи илмии Русия - таърихнигорон ва коршиносон, ки ба омӯзиши тамаддуни Алтай машғуланд, дар назар аст. Ба ҷуз ин, Отамбоев бо қирғизистониҳои сокини Русия мулоқот ва ба масҷиди шаҳри Москва меравад.

Ҳамзамон президенти Қирғизистон бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот хоҳад кард.

Сафари расмии Отамбоев ба Русия ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар бахшида шудааст.

XS
SM
MD
LG