Ссылки доступа

Ӯзбекистон миллиардҳо долларро сарфи гидроэнергетика мекунад


Ӯзбекистон, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Ислом Каримов мухолифи як қатор тарҳҳои тавлиди барқи обӣ буд, акнун омодааст барои рушди гидроэнергетика наздик ба 4,3 миллиард доллар харҷ кунад.

Дар чаҳорчӯби як барномаи нави давлатӣ Ӯзбекистон мехоҳад, то соли 2021 дар қаламрави худ 18 нерӯгоҳи барқи обӣ бунёд ва 14 нерӯгоҳи мавҷударо бо таҷҳизоти муосир таъмин кунад. Ин ҷузъи барномаест, ки ҳанӯз аввали моҳи май аз тарафи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба тавсиб расида, майли ин кишварро ба рушди энерҷии манобеи барқароршаванда нишон медиҳад.

Дар ҳоли иҷрои ин барнома саҳми нерӯи барқи обӣ дар ин кишвар наздик ба 16 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ҳоло гидроэнергетика дар Ӯзбекистон ба 12,7 дарсади маҷмӯи тавлиди нерӯ баробар аст.

Раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов аз мухолифони сарсахти бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон буд. Ҳукумати нави президент Мирзиёев ҳанӯз мавзеъгирии худро дар ин робита эълон накардааст. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гузашта ба Тошканд пешниҳод карданд, ки дар бунёди ин нерӯгоҳҳо саҳм гирад.

XS
SM
MD
LG