Ссылки доступа

Дар Туркманистон деҳқонон дар дарёфти маблағ аз бонкоматҳо мушкилӣ мекашанд


Деҳқонони вилояти Балкани Туркманистон наметавонанд маблағи кортҳои пластикиашонро аз бонкоматҳо дарёфт кунанд.

Чанде аз деҳқонон хабар доданд, ки аз бонкоматҳои ноҳияи Сердара ва Баракати вилояти Балкан дар рӯз на бештар аз 300 манат гирифтан мумкин аст ва дар бархе бонкоматҳои дигар маблағ умуман вуҷуд надорад.

"Ба ҳисоби миёна мо аз фурӯши гандум 3 000 манат даромад кардем, аммо аллакай як ҳафта мешавад, ки барои гирифтани ин маблағ ҳамаи бонкоматҳоро мегардем. Душвории дигар дар он аст, ки як бонкомат имрӯз маблағ дорад, фардо аллакай тамом мешавад", - мегӯяд як деҳқон бо номи Аман.

Ба гуфтаи вай, барои нақд кардани маблағи бонкӣ ҳадди ақал 10 рӯз бояд ба суроғи бонкоматҳо рафт.

XS
SM
MD
LG