Ссылки доступа

Кормандони "МТС-Туркманистон" ҷойи кори нав меҷӯянд


Ба кормандони ширкати русии "МТС " дар Туркманистон машварат дода шуд, ки ҷойи кори нав ҷӯянд, зеро мақомоти Ишқобод парвонаи кори ин ширкати мобилиро дар қаламрави Туркманистон тамдид накарданд.

Дафтари марказии "МТС " дар Москва аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад. Таври маълум иҷозаи кори ин ширкат дар Туркманистон 1 июли соли равон ба поён мерасад. Рӯзи душанбе маълум гашт, ки гуфтушуниди тарафҳо, ки миёнаҳои моҳи май сар шуда буд, бенатиҷа ба поён расидааст. Мақомоти Туркманистон афзоиши андозро шарти асосии тамдиди парвонаи кори "МТС " дар кишвар шумурданд, аммо ширкат ин маблағро миёншикан унвон намуд.

Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки ба зудӣ дар Туркманистон ширкати нави мобилӣ ба кор оғоз мекунад. Он аллакай озмоишҳои авалияро баргузор намудааст. Интизор меравад, ин ширкати туркманӣ рӯзи 29 июн, зимнан, зодрӯзи раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, расман ба кор шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG