Ссылки доступа

13 шарти кишварҳои араб барои барқарории равобит бо Қатар


Чаҳор давлати араб – Саудия, Имороти Муттаҳида, Баҳрайн ва Миср 22 июн шартҳои қатъи муҳосираи иқтисодӣ ва дипломатии Қатарро эълом доштанд. Дар ни бора телевизиони «Алҷазира» хабар додааст.

Ин кишварҳо 13 шарт ба миён гузоштанд, аз ҷумла қатъи ҳама гуна равобити Қатар бо ҷумбиши «Ихвон-ул-муслимин», гурӯҳи мусаллаҳи лубнонии «Ҳизбуллоҳ», «Ал-Қоида» ва гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ».

Чаҳоргона ҳамчунин аз Қатар талаб доранд пахши барномаҳои телевизиони «Алҷазира» -ро қатъ кунад, аъзои нерӯҳи вижаи Посдорони инқилоби исломии Эронро аз кишвар ронад ва муносибатҳояшро бо Эрон дар чаҳорчӯби таҳримҳои амрикоии зидди Эрон ба роҳ монад. Инчунин хоста мешавад, пойгоҳи ҳарбии Туркия дар Қатар баста шавад.

Барои иҷрои ин талабҳо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср ба Қатар 10 рӯз мӯҳлат доданд. Муҳосираи иқтисодӣ ва дипломатии Қатар 5 июн аз тарафи ин чаҳор кишвар сар шу два дертар ба он Молдив, Яман ва Ливия ҳамроҳ гаштанд. Онҳо Қатарро ба ҳимоят аз терроризм ва ноором кардани субот дар кишварҳои арабӣ айбдор карданд.

Вазорати умури хориҷии Қатар аз қарори кишварҳои Ховари Миёна изҳори таассуф кард ва гуфт, баҳонаҳои чунин амали онҳо сохта ва беасос буда, ҳадафи аслӣ ба итоати худ даровардани Доҳа аст, ки ба сари худ дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии кишвар аст.

XS
SM
MD
LG