Ссылки доступа

Мюллер санҷиши дахолати Русияро дар интихоботи ИМА идома медиҳад


Додситони махсус Роберт Мюллер барои идомаи санҷиши дахолати Русия дар интихоботи президентии соли гузаштаи ИМА Ҳайати мунсифаи олиро ташкил кардааст. Дар ин бора нашрияи "Уолл-стрит ҷорнэл" бо истинод ба ду манбааш иттилоъ дод.

Нашрия мегӯяд, таъйини ҳайат маънои онро дорад, ки додситон мехоҳад, шоҳидонро барои додани баёнот даъват кунад ва тафтишот хусусияти тӯлонию ҷиддӣ касб хоҳад кард. Вале телевизиони CNBC қайд кард, ки таъйини ҳайат ба маънои он нест, ки додситон зидди атрофиёни президент Доналд Трамп айб эълом мекунад.

Роберт Мюллер месанҷад, ки ситоди интихоботии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботӣ бо мақсади шикаст додани рақиби ӯ -- Ҳилларӣ Клинтон бо Кремл созише дошт, ё не. Агар созише буд, пас оё маъмурияти Трамп ба пинҳон кардани он талош кардааст.

Сухангӯи Кохи сафед Сара Ҳакабӣ Сандерс изҳорот дод, ки дастгоҳи президент Трамп дар бораи ташкили Ҳайати мунсифаи олӣ хабар надошт. Вай бори дигар гуфт, Кохи сафед аз ҳама гуна тасмимҳое, ки раванди тафтишотро суръат мебахшанд, истиқбол хоҳад кард. Ӯ қайд кард, ки маъмурияти Трамп пурра бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад.

Телевизиони CNN хабар дод, ки Мюллер ба муносибатҳои молии тими Доналд Трамп ва худи президенти Амрико бо Русия таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Трамп дар суҳбат бо нашрияи "Ню-Йорк таймс" гуфт, ин "хатти сурх"-и тафтиши Мюллер хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG