Ссылки доступа

Расонаҳо: Пхенян пешниҳоди Сеулро барои гуфтугӯ рад кард


Куриёи Шимолӣ пешниҳоди Куриёи Ҷанубиро барои аз саргирии гуфтугӯи низомӣ миёни Сеул ва Пхенян рад кард. Вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ дар шарҳи ин тасмим гуфт, дар ташаббуси ҳамсояи ҷанубияшон "самимият" дида намешавад.

Дар ин бора хабаргузории Йонхапи Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ додааст.

Мулоқоти кутоҳи вазирони умури хориҷии Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Манилаи Филиппин дар доираи саммити Анҷумани кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё баргузор шуда, ҳудуди се дақиқа идома кард.

Моҳи июл Сеул ба Пхенян пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳои низомӣ миёни ду кишвар дубора ба роҳ монда шавад. Мақомоти Сеул мехостанд, бо ин гуфтугӯ ташаннуҷро дар марзи ду кишвар поин бурда, хонаводаҳоеро, ки соли 1950 ҷанги Куриё аз ҳам ҷудо кард, ба ҳам бипайванданд. Ин гуна гуфтугӯ бори охир соли 2015 сурат гирифта буд.

Аъзои Шӯрои амнияти СММ 5 август аз афзоиши таҳримҳо зидди Куриёи Шимолӣ дар посух ба озмоиши мушакии ахири Пхенян, ки хилофи қатъномаҳои созмон аст, якдилона ҷонибдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG