Ссылки доступа

Ӯзбекистон омодааст, аз визаҳои хуруҷӣ даст кашад


Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 7 август ҷаласа доир карда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мардумро баррасӣ кардааст. Дар ин бора бахши иттилоотии вазорати умури хориҷии он кишвар хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи вазорати умури хориҷӣ намояндагони дастгоҳи президент, додситонии кулл, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳо ширкат кардаанд.

Хабар дода мешавад, ки бо дастури Шавкат Мирзиёев лоиҳаҳои қарорҳои президент таҳия ва дар баррасии ниҳодҳои ҳукуматӣ аст. Аз ҷумла, ниҳодҳо бекор кардани визаҳои хуруҷиро барои шаҳрвандон ва ба таври марҳилавӣ ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷиро баррасӣ доранд.

Дар ин ҷаласа аз фаъолияти Оҷонсии муҳоҷирати хориҷӣ барои бастани шартномаҳои дуҷониба бо шарикони хориҷӣ ва таъмини шарҳвандони Ӯзбекистон бо ҷои кор дар хориҷ ҳимоят шуд.

XS
SM
MD
LG