Ссылки доступа

Таъсиси хазинаи вижа барои ҳимояти ҳуқуқии журналистон дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон бо дастгирии молии Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди Мадад дар кишвар тарҳи нави "Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)" роҳандозӣ шудааст.

Шоира Давлатова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" ва масъули иҷрои тарҳ 11 август гуфт, ҳадафи аслии тарҳ, расондани ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО аст. Барои ҳимояи ҳуқуқии рӯзноманигорон дар кишвар, хазинаи вижае таъсис шудааст.

Вай гуфт, пештар ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани журналист ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ зиёд буданд, вале барои ҳимояи ҳуқуқии онҳо дар созмонҳои журналистӣ ё ниҳодҳои хайрияи байналмилалӣ хазина ё сармояи зарурӣ вуҷуд надошт.

Ҳоло дар доираи ин тарҳ, чунин имконият фароҳам шуда ва дар сурати боздошт ва боз шудани парванда алайҳи журналист, барои ӯ ба таври ройгон вакили мудофеъ хидмат мерасонад.

Давлатова афзуд, ки агар журналист зиндонӣ шуда бошад, хешу табораш метавонанд аз ҷониби тарҳи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО” кумаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳлати иҷрои тарҳ як сол буда ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Давлатова мегӯяд, рӯзноманигорон дар доираи ин тарҳ ҳамчунин имкон пайдо мекунанд, ки матолиби худро пеш аз нашр аз таҳлили ҳуқуқӣ гузаронанд ва аз хатарҳои эҳтимолӣ дар эмин бимонанд.

Созмонҳои маҳаллии рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки ҳуқуқи кормандони ВАО дар шароити фишор аз сӯи мақомот бештари вақт ҳимоят намешавад. Ба иттилои Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, соли гузашта нашрияҳои "Нигоҳ", "Вароруд", "Дам" ва хабаргузории "Тоҷнюз" аз нашр боз монда, даҳҳо рӯзноманигор маҷбур шудаанд, ки кишварро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG