Ссылки доступа

Боздошти як зани қирғиз бо беш аз $1 млн дар Ҳиндустон


Як шаҳрванди Қирғизистонро дар фурудгоҳи шаҳри Делҳии Ҳиндустон бо беш аз 1 миллион доллари ИМА боздошт карданд. Дар ин бора сомонаҳои Business-standart.com, Tribuneindia.com ва як қатор расонаҳои Ҳиндустон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои расонаҳо, ин зан мехост аз Ҳиндустон ба воситаи ҳавопаймои ширкати "Air Manas" ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кунад. Рӯзноманигорон аз ӯ Зуҳро Болтабоеваи 56-сола ном бурдаанд.

Ҳангоми санҷиши бағочи дастии зан 60 ҳазор доллар ёфт шудааст. Дар натиҷа тамоми бағочи ӯро мавриди санҷиш қарор додаанд ва 1 миллиону 41 ҳазору 290 доллар пайдо карданд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаро Хадамоти гумруки Ҳиндустон таҳқиқ дорад. Масъулoни сафорати Қирғизистон дар Ҳиндустон ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд ва дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар гуфтанд, ки хабарро таҳқиқ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG