Ссылки доступа

Отамбоев ҳукумати Жээнбековро аз ҳама беҳтарин номид


"Ҳукумати шумо дар миёни ҳукуматҳое, ки тайи солҳои президентии мо ташкил шуданд, аз ҳама беҳтарин буд", - гуфт, президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 21 август дар мулоқот бо сарвазири ҳамакнун пешини ин кишвар Сооронбой Жээнбеков.

Ин мулоқот баъди истеъфои Жээнбеков аз мақоми раҳбарии девони вазирони Қирғизистон баргузор шуд. Ӯ пештар, ҳангоми дастрас кардани шаҳодатномаи номзадӣ ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон гуфт, ки истеъфои худро бо Отамбоев баррасӣ кардааст.

Жээнбеков дар мулоқот бо Отамбоев қайд кард, ки ба хотири гурез аз ҳама гуна гумонзаниҳо дар бораи ба истилоҳ "манобеи маъмурӣ" аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод.

Отамбоев дар навбати худ гуфт, ин тасмим бори дигар поквиҷдонӣ ва садоқати баланди Жээнбековро таъйид кард. "Дар мақоми сарвазирӣ он ҳама таваққуотеро, ки аз шумо интизор доштанд, пурра амалӣ кардед. Ҳукумати шумо ҳам дар миёни ҳукуматҳое, ки тайи солҳои президентии мо ташкил шуданд, аз ҳама беҳтарин буд", - изҳор дошт Отамбоев.

Ёдрас мешавем, то ҳол дар Қирғизистон се нафар -- Сооронбой Жээнбеков аз ҲСДҚ, раҳбари ҳизби "Оқ Шумқор" Темир Сариев ва раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Республика - Ота журт" Омурбек Бабанов расман ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон ба қайд гирифта шуданд.

Ба огаҳии Комисияи марказии интихоботи Қирғизистон, то ҳол дар рӯйхати довталабони курсии президентии ин кишвар 51 нафар мондаанд. Интихоботи президентии Қирғизистон 15 октябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG